ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Нуманов Олим Раҳимович

Аннотатсия: 

Қишрҳо-панелҳои армосементӣ-пӯлодӣ (ҚПАП) бо андозаи 3х18 м ба қишри камфарози каҷии гауссии мусбат тааллуқ доранд. Ин як намуди болопӯше аст, ки аз конструксияҳои маъмултарин дар биноҳои саноатӣ ва кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Дар мақола намунаи ҳисоби техникию иқтисодии бинои кишоварзӣ бо андозаи 18х60 м бо шабакаи сутунҳои 18х12 м дар ноҳияи зилзилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Рушди бетон бо такмили техникаи корхона ва мувофиқан технологияи истеҳсолӣ алоқаманд аст. Бо истифода аз бетони баландқувват ва унсурҳои ягона, конструксияҳои армосементӣ хеле арзонтар шуданд. Болопӯши он аз конструксияҳои армоцементӣ пластикӣ ифода меёбад. Қишрҳои панелҳои пӯлодию армосементӣ чунин болопӯшҳое мебошанд, ки бо кашакҳои пӯлодӣ мебошанд, ҳангоми мустаҳкам кардани тахтасанг бо ду шабакаи ғафсии бетони овардашудаи 4,1 см мебошад, хароҷоти пӯлод 5,4 кг/м2 мебошад. Онҳо бо истифода аз бетони зичиашон баланди тамғаи В25 ва болотар бо истеъмоли сементи 500-700 кг барои як метри мукааби бетон истеҳсол мекунанд.

Калидвожаҳо: қишри нобурида, самаранокии иқтисодӣ, давомнокии сохтмон, хароҷотҳои овардашуда, хароҷоти маводҳо, меҳнатталабӣ, арзиши конструксияҳо.