ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Ғаффорзода Нигорахон

Аннотатсия: 

Дар мақола омилҳои асосии таъмини амнияти энергетикӣ дар шароити рушди иқтисоди сабз мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Нишон дода мешавад, ки дар шароити муосир амнияти энергетикӣ зери таъсири маҷмӯи мураккаб ва тағйирёбандаи омилҳои иқтисодӣ, институтсионалӣ, технологӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Таваҷҷуҳи махсус ба ҷудокунии мафҳумҳои «принсипҳо», «шартҳо» ва «омилҳо»-и амнияти энергетикӣ ва ҳамкории иерархии онҳо равона гардидааст. Дар асоси равиши системавӣ гурӯҳбандии омилҳо пешниҳод мегардад, ки хусусиятҳои гузариш ба иқтисоди сабз ва рақамикунонии соҳаи энергетикаро инъикос менамояд. Бо дарназардошти воқеиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати гузариш аз модели захиравӣ ба идоракунии комплексии омилҳои устувории низоми энергетикӣ асоснок карда мешавад. Хулоса бароварда мешавад, ки таъмини самараноки амнияти энергетикӣ дар шароити иқтисоди сабз танҳо дар асоси ҳамоҳангии сиесати давлатӣ, механизмҳои институтсионалӣ ва қарорҳои сармоягузорӣ-технологӣ имконпазир аст.

Калидвожаҳо: амнияти энергетикӣ, иқтисоди сабз, омилҳои амнияти энергетикӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, рушди устувор, сиесати энергетикӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон.