Саидзода Фирдавс Ҳамро, Мирзоева Ниссобегим Шоназаршоевна
Аннотатсия:
Мақолаи мазкур таҳлили таъсири рақамикунонии фаъолияти нақлиѐти мусофирбарии шаҳри Душанбе ва самаранокии истифодаи онро баррасӣ мекунад. Рақамикунонии системаи нақлиётӣ имконияти беҳтар намудани нишондиҳандаҳои техникӣ-истифодабарӣ, идоракунии самараноки ҷадвали ҳаракат ва танзими сарбории нақлиётро фароҳам меорад. Нишон дода шудааст, ки ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ба баланд бардоштани суръат, коэффитсиенти истифодаи воситаҳои нақлиѐт ва самаранокии хизматрасонӣ мусоидат мекунад. Ин тадқиқ барои таҳияи сиѐсати беҳтар кардани зерсохтори нақлиѐти ҷамъиятӣ аҳамияти муҳим дорад.
Калидвожаҳо: нақлиѐти мусофирбар, рақамикунонӣ, нишондиҳандаҳои техникӣ-истифодабарӣ, самаранокӣ.

