ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Исмоилов Маҳмуд Исоқович, Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин, Убайдзода Қандили Нусрат

Аннотатсия: 

Истифодаи самараноки неруи барқ ва сарфаи он яке аз омилҳои асосии рушди устувори иқтисодиёти хоҷагии халқ ва баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолот ба шумор меравад. Истифодаи оқилонаи неруи барқ имкон медиҳад, ки хароҷоти истеҳсолӣ коҳиш ёфта, молу маҳсулот бо нархи дастрас ба истеъмолкунандагон пешниҳод карда шаванд. Татбиқи технологияҳои муосири каммасраф, беҳтар намудани низоми идоракунии энергетикии корхонаҳо, истифодаи таҷҳизотҳои муосир ва баландбардоштани фарҳанги истеъмоли барқ ба иқтисоди миллӣ манфиатҳои назаррас меорад. Масъалаи кам намудани талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳои энергетикӣ, корхонаҳои саноатӣ ва биноҳои истиқоматӣ тавассути технологияҳои инноватсионӣ имконпазир буда, дар мақолаи мазкур мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Дар мақолаи мазкур самаранокии истифодаи технологияҳои масрафкунандаи энергия, ки яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодиёт ва таъмини амнияти энергетикии кишвар мебошад, илман асоснок шудааст.

Калидвожаҳо: Неруи барқ, неругоҳ, самаранокӣ, сарфаи неруи барқ, истеҳсол, технологияҳои муосир, энергия, корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, низоми Биллинг ва низоми SCADA.