ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Чоршанбиев Садриддин Ражаббоқиевич

Аннотатсия: 

Дар ин мақола равишҳои методологии таҳияи сенарияҳои пешгӯии талабот ба нерӯи барқ дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои истеҳсол ва истеъмоли қувваи барқ баррасӣ карда мешавад. Муаллиф тадқиқи ҳамаҷонибаи адабиёти илмии ватанӣ ва байналмилалиро анҷом дода, усулҳои мавҷудаи пешгӯии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддатро ба низом даровардааст. Аҳамияти амалии ин тадқиқот дар таҳияи модели хусусии пешгӯии афзоиши истеъмоли нерӯи барқ дар иқтисоди Тоҷикистон то соли 2030 бо истифода аз абзори нармафзори EViews мебошад. Дар мақола натиҷаҳои моделсозӣ барои се сенарияи рушд оварда шудааст. Таҳлили муқоисавӣ маълум кард, ки фарқияти арзишҳои ҳисобшудаи бадастомада аз нишондиҳандаҳои мақсадноки барномаҳои давлатӣ 2,4 фоизро ташкил медиҳад. Ин натиҷа дар доираи хатогиҳои омории қобили қабул буда, дурустии пешгӯӣ ва мувофиқати модели пешниҳодшударо тасдиқ мекунад.

Калидвожаҳо: инфрасохтори электроэнергетикӣ, талабот, дурнамосозӣ, барномаҳои рушди иқтисодӣ, регрессияи бисёромила, истеҳсоли нерӯи барқ