ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Аҳророва Алфия Додохоновна, Камилова Нигина Муҳамадавазовна

Аннотатсия: 

Тағйирёбии иқлим барои соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон хатари ҷиддӣ ба вуҷуд меорад, зеро он метавонад ҳаҷми пешбинишавандаи истеҳсоли нерӯи барқро коҳиш диҳад ва дар натиҷа ба арзиши бозории лоиҳаҳои амалкунанда ва ояндадори гидроэнергетикӣ таъсири манфӣ расонад. Хусусан минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, ки ба шабакаи мутамаркази барқ пайваст нестанд, осебпазирии бештар нишон медиҳанд, зеро дастрасӣ ба энергия дар чунин минтақаҳо бевосита ба сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир мерасонад. Дар мақола зарурати диверсификатсияи манбаъҳои энергия тавассути рушди гидроэнергетикаи хурд асоснок карда шудааст. Омилҳое, ки арзиши лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои барқи обии хурдро ташаккул медиҳанд, аз ҷумла омилҳои иқлимӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва технологӣ, системабандӣ гардидаанд. Нишон дода шудааст, ки истифодаи технологияҳои рақамии идоракунӣ (дар мисоли истгоҳи шинокунандаи якҷояшуда) имкон медиҳад хавфҳои истифодабариро коҳиш дода, ҷолибияти сармоягузории лоиҳаҳоро баланд бардорад ва ба арзиши бозории объектҳо таъсири мусбат расонад.

Калидвожаҳо: амнияти энергетикӣ, гидроэнергетикаи хурд, тағйирѐбии иқлим, омилҳои арзиш, арзиши бозорӣ, рақамикунонӣ, Тоҷикистон.