ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

М.Ҳ. Ғафуров 

Аннотатсия: 

Мақолаи мазкур дар бораи таҳияи усули нави бадалсозии объектҳои матнӣ ҷиҳати беҳтар кардани амнияти иттилоотӣ ва муҳофизат аз киберҷинояткорон (қулфшиканон, хакерон) мебошад. Ҷараёни бадалсозии пешниҳодшуда аз истифодаи анъанавии рақамгузории символҳои алоҳида (униграммаҳо) дар алифбои бадалсозӣ сарфи назар мекунад. Ба ҷои он, унсурҳои забоншиносии (лингвистикии) рақамгузоришуда, аз қабили калимаҳои решагӣ, пешоянду пасояндҳо, ҳиҷою аъзоѐни пайрави ҷумла ва биграммаю триграммаҳо ҳамчун асос барои таҳияи алифбои хусусии (беназири) бадалсозӣ истифода мешаванд. Дар алгоритм раванди ба унсурҳо тақсим кардани матни кушода, таҳияи алифбои хусусӣ, рақамгузории унсурҳои он ва истифодаи минбаъдаи калиди ихтиѐрии бадалсозӣ (бо истифода аз усули бадалсозии Виженер дар мисоли объекти матнии кушода) муфассал тасвир шудааст. Нишон дода шудааст, ки истифодаи алифбои хусусии таҳияшудаи бисѐркомпонентаи унсурҳояш ихтиёрӣ рақамгузоришуда устувории криптографии матни бадалшударо хеле баланд мекунад. Усули бадалсозии пешниҳодшуда нисбати тадбиқи забонҳои гуногун характери унверсалӣ дошта, истифодаи мушаххас ва самаранокии он ба хусусиятҳо хоси граматика ва лингивистикаи он забоне, ки матни додашуда иншо гардидааст алоқаи зич дорад.
Калидвожаҳо: объект, бадалсозӣ, бадалкунӣ, аксбадалкунӣ, алифбои хусусӣ, унсур, аломат, калид, вариант, устуворӣ, киберҷиноят.