А.Д. Бахдавлатов, Д. Оламафрӯзӣ, А.Р. Ато
Аннотатсия:
Дар мақола масъалаҳои мубрами сохтмон ва оптимизатсияи шабакаҳои алоқаи бисѐрхизматрасонӣ баррасӣ шудаанд. Муаллифон таҳлили рушди бозори телекоммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи солҳои 2000– 2026 анҷом додаанд, ки гузаришро аз рушди миқдори ширкатҳои операторӣ ба зарурати навсозии сифатии инфрасохтор ошкор намуд. Диққати асосӣ ба бартараф кардани зиддияти техникӣ байни технологияи асосии Ethernet ва талаботи қатъии хизматрасониҳои муосири мултимедиявӣ ба параметрҳои сифати хизматрасонӣ равона шудааст. Равиши муаллифӣ барои татбиқи консепсияи шабакаҳои аз ҷиҳати нармафзор идорашаванда дар асоси Linux пешниҳод шудааст, ки имкон медиҳад параметрҳои кафолатноки интиқоли трафик бе хароҷоти зиѐди асосӣ барои таҷҳизонидани техникӣ таъмин карда шаванд. Натиҷаҳои тадқиқот метавонанд аз ҷониби ташкилотҳои хурд ва миѐна барои табдили самараноки шабакаҳои маҳаллӣ ба муҳити пурраи мултисервисӣ истифода гарданд.
Калидвожаҳо: шабакаҳои бисѐрхизматрасонӣ, сифати хизматрасонӣ, шабакаҳои барномавии идорашаванда, идоракунии трафик, IP-телефония, бозори телекоммуникатсия.

