А.А. Қосимов, Ш.С. Саидов
Аннотатсия:
Мақолаи мазкур ба таҳлили ҷараѐни мусофиркашонӣ барои шабакаи нақлиѐти ҷамъиятии шаҳри Душанбе бахшида шудааст. Тадқиқот 70 хатсайрро барои воситаҳои нақлиѐти ҷамъиятӣ аз қабили автобус, троллейбус ва микроавтобус фаро гирифта, дар асоси маълумоти беш аз 4000 ҷадвали мушоҳидавӣ анҷом дода шудааст. Дар мақола модели математикӣ ва матритсавии тақсимоти мусофирон дар истгоҳҳо ва интервалҳои вақт пешниҳод гардида, нишондиҳандаҳои асосӣ ба монанди коэффисиенти истифодаи ғунҷоиш (КИҒ), ивазшавии мусофирон (КИ), номунтазамии ҷараѐн (КН), масофаи миѐнаи тайкардаи мусофир дар як гардиш (ММТГ), қимати миёнаи пуршавӣ дар як гардиш (ҚПГ) ҳисоб карда шудаанд, [2,3]. Натиҷаҳои таҳлил имкон медиҳанд, ки хатсайрҳои пурсамар ва камсамар муайян карда шуда, барои оптимизатсияи ҷадвали ҳаракат ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ тавсияҳои илмӣ дода шаванд.
Калимаҳои калидӣ: ҷараёни мусофирон, нақлиёти ҷамъиятӣ, шаҳри Душанбе, модели математикӣ, коэффисиенти истифодаи ғунҷоиш, истгоҳҳои нақлиётӣ, оптимизатсияи хатсайрҳо, соатҳои пуршиддат, мониторинги визуалӣ.

