Г.М. Довудов
Аннотатсия:
Дар мақола яке аз алгоритмҳои имконпазири таҳлили морфологии калимаҳои забони тоҷикӣ, ки дар асоси қоидаҳои грамматикӣ сохта мешавад, шарҳ дода шудааст. Дар доираи алгоритми коркардшуда ҳиссаи нутқи калима дар асоси ҳиссаи нутқи реша ва таҳлили префиксҳо ва постфиксҳои ба он пайвастшаванда муайян карда мешавад. Дар ин раванд базаи морфемаҳои иборат аз 81 префикс, 65422 асос ва 2847 постфикс истифода гардидааст. Раванди таҳлил аз чор марҳилаи асосӣ иборат буда, он дар намуди блок-схемаи алгоритмӣ оварда шудааст. Алгоритмҳои таҳияшуда барои омода намудани таҳлилгари худкори морфологии калимаҳои тоҷикӣ дар комплекси барномавӣ татбиқ гардиданд, ки сохтори мантиқии он ба намуди схема пешниҳод мегардад. Бо истифода аз комплекси барномавӣ маҷмӯи калони матнҳои бадеӣ мавриди коркард қарор дода шуданд. Ба таври экспертӣ муайян гардид, ки самаранокии таҳлили худкори морфологӣ ва дурустии натиҷаи он 92,02%-ро ташкил медиҳад. Таҳлили морфологӣ ва нишонагузории морфологӣ яке аз марҳилаҳои калидӣ дар раванди ташкили корпусҳои матнии миллии забон ба шумор меравад.
Натиҷаҳои бадастомада дар таҳияи корпусҳои миллӣ, низомҳои тафтиши имло ва дигар барномаҳои коркарди забони тоҷикӣ васеъ истифода шудаанд.
Калидвожаҳо: забони тоҷикӣ, таҳлили морфологӣ, префикс, асос, постфикс, блок-схема, таҳлили морфологии экспертӣ.

