ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

З.О. Муродзода, Ш.Ё. Холов, Н.И. Юнусов

Аннотатсия: 

Дар мақола усулҳои таҳлили додаҳои калон дар заминаи баҳодиҳии сифати таълим дар мисоли системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тадқиқ қарор дода мешаванд. Бо назардошти талаботи заминаи меъѐрӣ-ҳуқуқии амалкунанда модели васеъкарда шудаи математикии баҳодиҳии интегралии сифати таълим таҳия гардидааст, ки ба истифодаи регрессияи логистикӣ такя мекунад. Модели пешниҳодшуда имкон медиҳад маҷмуи нишондиҳандаҳои захиравӣ, равандӣ, натиҷавӣ ва идоракуниро, ки дар сатҳҳои гуногуни системаи маориф ташаккул меѐбанд, ба ҳисоб гирад. Алгоритми татбиқи амалии модел пешниҳод шудааст, ки марҳилаҳои ҷамъоварӣ, пешпардозиш ва коркарди таҳлилии ҳаҷмҳои калони додаҳои маорифро дар бар мегирад. Ҳамчунин, нақшаи сохтории ташкили мониторинги сифати таълим таҳия гардидааст, ки ба истифодаи усулҳои таҳлили интеллектуалии додаҳо нигаронида шудааст. Нишон дода мешавад, ки равиши пешниҳодшуда ба баланд гардидани асоснокии қарорҳои идоракунӣ мусоидат намуда, метавонад ҳамчун асоси методологӣ барои ташкили системаи автоматионидашудаи иттилоотию таҳлилии дастгирии қабули қарорҳо дар соҳаи маориф истифода шавад.
Калидвожаҳо: алгоритм, барнома, таҳлили додаҳо, сифати таълим, баҳодиҳии интегралӣ, модели математикӣ, стандарти давлатии таълим, мониторинги сифати таълим, регрессияи логистикӣ.