ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

Асосӣ

        Маҷаллаи илмии «Паёми политехникӣ» нашрияи даврии илмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ буда, мутобиқи Низомнома ва Оинномаи амалкунанда фаъолият менамояд. Маҷалла ба рушди илмҳои дақиқ ва техникӣ равона гардида, маҷмӯи васеи равияҳои илмиро фаро мегирад, аз ҷумла: математика, физика, информатика, техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ, иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ (аз рӯи соҳаҳо ва самтҳои фаъолият), энергетика, металлургия ва маводшиносӣ, технологияҳои кимиёвӣ, нақлиёт, сохтмон ва меъморӣ, технологияҳои мошинсозӣ, ҳифзи меҳнат, экология, таърихи илм ва фалсафаи илму техника.

           Маҷалла аз се бахш иборат мебошад. Яке аз бахшҳои он — «Техника ва ҷомеа» (ISSN 3105-709) буда, ба рӯйхати нашрияҳои тақризии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил гардидааст.

           Бахши «Техника ва ҷомеа» равияҳои зерини илмиро фаро мегирад:

  • 2.4.7. Технологияи мошинсозӣ;
  • 2.9.1. Ҳифзи меҳнат;
  • 2.9.6. Экология;
  • 6.1.7. Таърихи илм;
  • 6.3.6. Фалсафаи илму техника.

      Мақолаҳо бо се забон қабул карда мешаванд:

  • Тоҷикӣ;
  • Русӣ;
  • Англисӣ.

       Маҷалла дар давоми сол 4 маротиба нашр карда мешавад.

ТАЛАБОТ ВА ШАРТҲОИ ПЕШНИҲОДИ МАҚОЛАҲО БА МАҶАЛЛАИ "ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ"

  1. Дар Маҷалла мақолаҳои дорои хусусияти илмӣ, амалӣ ва ҳалталаб нашр карда мешаванд, ки натиҷаи таҳқиқоти анҷомшуда буда, навоварии илмӣ доранд ва барои доираи васеи хонандагони маҷалла қобили таваҷҷӯҳ мебошанд.
  2. Мақола (ба истиснои тафсирҳо) бояд натиҷаҳои нави илмиро дар бар гирад.
  3. Мақола бояд ба мавзӯъ ва сатҳи илмии маҷалла мувофиқат кунад.
  4. Мақола бояд бо риояи пурраи талаботҳо таҳия карда шавад.
  5. Мақола ба воситаи почтаи электронӣ ё бевосита дар шакли электронӣ ва нусхаи чопӣ ба шуъбаи дахлдор пешниҳод карда мешавад.
  6. Матни мақола бояд дар шакли IMRAD бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ё русӣ пешниҳод карда шавад.

Ба мақола замима карда мешавад:

  1. Мактуб (барои кормандони беруна)
  2. Аризаи муаллифӣ
  3. Шартномаи литсензионӣ
  4. Хулосаи экспертӣ дар бораи имконияти дар матбуоти кушод чоп кардани мақола
  5. Тақризи берунӣ (тибқи талабот)
  6. Хулосаи антиплагиат