Қодиров Одина Қаҳҳорович
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
Аннотатсия:
Дар мақола раванди паҳншавии мавҷҳои популятсионӣ дар ҳолатҳои экстремалӣ тадқиқ карда мешавад, ки ба воситаи муодилаи дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусии тартиби дуюм бо коэффитсиентҳои доимӣ ифода карда мешаванд. Ҳангоми ѐфтани ҳалҳо муодилаи амсилавӣ операторҳои дифференсиалӣ, системаи муодилаҳои зиѐда муайян ва шартҳои ибтидоиро истифода мебарем. Ҳалҳо дар синфи экспоненсиалӣ ва дар намуди ошкор баѐн карда мешаванд. Пас барои раванди муоинашаванда дар забони барномасозии С++ барнома тартиб дода ҳисобкуниҳои ададӣ ва тасвири графикии онро мегузаронем.
Калидвожаҳо: муодилаи дифференсиалӣ, моделсозии математикӣ, мавҷҳои популятсионӣ, шартҳои ибтидоӣ, системаи зиѐдамуайян, муодилаи амсилавӣ, операторҳои дифференсиалӣ, муодилаи мувофиқоварӣ, ҳолатҳои экстремалӣ, барномасозӣ, нишондоди графикӣ.

