МАҶАЛЛАИ "ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ"

Тартиби тақриздиҳӣ

       Баррасии дастнависҳои мақолаҳои (минбаъд - мақолаҳо), барои нашр воридшуда ба маҷаллаи «Паёми политехникӣ», тибқи қоидаҳои зерин сурат мегирад:

  • Мақолаҳо аз тарафи муаллифон мувофиқи талаботи муайяншуда тартиб дода шуда,  барои чоп ба маҷалаи «Паёми политехникӣ» барои баррасӣ фиристода мешаванд.

  • Мақола барои гирифтани тақриз ба мутахассиси соҳаи дахлдор (аъзои ҳайати таҳририяи маҷала), ки дараҷаи илмии доктор ё номзади илм доранд, фиристонида мешавад.

  • Ҳайати таҳририя ва масъулин дар давоми на зиёда аз як моҳ аз рӯзи пешниҳоди мақола оид ба нашр намудан ё нанамудани мақола қарори асоснок қабул мекунанд.

  • Қарори асосноки қабулнамудаи ҳайати таҳририя ба муаллифони мақола дар давоми як ҳафта расонида мешавад.