Таърихи маҷала
Маҷаллаи «Паёми политехникӣ», ки қаблан «Паёми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» ном дошт, аз моҳи январи соли 2008 фаъолият менамояд. Соли 2016 бо қарори Шӯрои олимони ДТТ «Паёми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» ба ду бахш ҷудо карда шуд:
- «Таҳқиқотҳои муҳандисӣ» ISSN 2520-2227
- «Интеллект, Инноватсия, инвеститсия» ISSN 2520-2235
Моҳи январи соли 2017 бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ номи маҷала аз «Паёми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» ба «Паёми политехникӣ» иваз карда шуд.
Бо мақсади ворид намудани маҷала ба системаи Russian Science Citation Index бо китобхони илмии электронии eLIBRARY.RU таҳти № 83-02/2017 шартнома аз 16.02.2017с ба имзо расонида шудааст ва маълумот оид ба мақолаҳои илмии дар маҷалла нашршуда мунтазам ба ин китобхони илмии электронӣ ворид карда мешавад.
Бо қарори комиссияи Олии аттестатсионии Ҷумҳурии Узбекистон №353/4 аз 6 –ми апрели соли 2024 маҷаллаи илмии “Паёми политехникӣ” ба рӯйхати нашрияҳои тақризии КОА-и назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияиҳои Ҷумҳурии Узбекистон ворид гардидааст.
Индекси обунаи «Паёми политехникӣ» дар «Почтаи точик» 77762 мебошад.