ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Икромова Малоҳат Холовна

Аннотатсия: 

Дар мақолаи илмӣ хусусиятҳои ташкилӣ-истехсолии ширкатҳои сохтмонӣ ва равишҳои имконии ташкили баҳисобгирии идоракунӣ дар ширкатҳои соҳаи сохтмон коркард ва пешниҳод карда шудааст. Зимни ташкили баҳисобгирии идоракунӣ дар ширкатҳои соҳаи мазкур мушкилиҳои методӣ, ташкилӣ ва техникӣ пеш меоянд, ки барои бартараф намудани онҳо тавсияҳои методӣ аз чониби муаллиф коркард гардида, роҳи татбиқи баҳисобгирии идоракуниро дар ширкат ҳамвор мегардонад. Ҳамчунин, тавсифи соҳибкории сохтмонӣ гузаронида шуда, муайян гардидааст, ки давомнокии тўлонии раванди сохтмон, ҳисобкуниҳои меъёрӣ аз рўйи лоиҳаҳо, ташкили ҷудогонаи баҳисобгирии лоиҳаҳои сохтмонӣ ва ғайраро тақозо менамояд. Аз ин рў, муаллиф пешниҳод менамояд, ки равишҳо дар системаи тайёркунии ҳисобот бояд барои қабули қарорҳои идоракунӣ махсус ва инфиродӣ бошад. Чи тавре, ки тасдиқ гардидааст, баҳисобгирии идоракунӣ дар ширкат бояд дорои хусусияти инфиродӣ бошад. Маълумоти тайёркардаи баҳисобгирии идоракунӣ дар ширкатҳои сохтмонӣ барои устуворгардонии назорат аз рўйи нишондиҳандаҳои асосӣ, ки муаллиф онҳоро муайян кардааст, мусоидат намуда, қабули карорҳои идоракунии босамарро осон мегардонад. Бо мақсади татбиқ кардани низоми баҳисобгирии идоракунӣ дар амалияи ширкати сохтмонӣ бо дарназардошти хусусиятҳои пеш бурдани фаъолияти он, муаллиф иҷроиши чунин корҳоро пешниҳод намудааст: тасдиқи нақшаи ҳисобҳо ва шаклҳои ҳисоботи муҳосибӣ; тезонидани суръати воридкунии маълумот ба ҳисоботи дохилии идоракунӣ; сабти маълумот дар ҳисоботи муҳосибӣ на аз рўйи ҳуҷчатҳои коғазӣ, балки аз рўйи нусхаи электронии онҳо, фавран дар ҳисоботи идоракунӣ дарҷ кардани маълумот ва ғ. Дар охир муаллиф амсилаи муттаҳидшудаи  инъикоси маълумот дар ҳисобҳои муҳосибӣ марбут ба ҳисобгирии хароҷот ва натиҷаҳои молиявӣ аз фурўшро барои ширкатҳои сохтмонӣ пешниҳод намудааст, ки татбиқи он хароҷоти иловагиро талаб накарда, дар доираи як низоми иттилоотӣ маълумоти заруриро барои ду намуди баҳисобгирӣ – баҳисобгирии молиявӣ ва баҳисобгирии идоракунӣ тайёр менамояд.

Калидвожаҳо: ширкатҳои сохтмонӣ, баҳисобгирии идоракунӣ, сиёсати баҳисобгирӣ, ҳисобҳои муҳосибӣ, иттилооти муҳосибӣ, идоракунӣ, қабули қарорҳо.