Давлатова Розиямо Қамбаровна, Билолов Неъматулло Қурбоналиевич, Сафарзода Гулбегим Гурез
Аннотатсия:
Дар мақола методологияи идоракунии рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Асосҳои назариявии тадқиқотро нуқтаи назари иқтисодчиёни ватанию хориҷӣ ташкил медиҳад. Муаллифон қайд менамоянд, ки методологияи идоракунии рақобатпазирии корхонаҳои саноатӣ бояд унсурҳои муҳимро чун методҳои таъминкунанда, идоракунанда, инчунин механизми идоракунии рақобатпазирии маҳсулот онҳоро фарогир бошад. Марҳилаҳои методологии идоракунии рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ оварда шудааст, ки чор марҳилаи ба ҳам алоқамандро дар бар мегирад. Инчунин раванди идоракунии рақобатпазирии маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ оварда шудааст. Аз ҷониби муҳаққиқон даври ҳаётии рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ низ таснифбандӣ карда шудааст. Ҳамчунин, дар мақола методологияи умумии идоракунии рақобатпазирии маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ таҳия гардидааст, ки ҳадаф, вазифаҳо, ва стратегияи рушди корхонаҳои саноатиро дар бар гирифта, унсурҳои методологии идоракунии рақобатпазириро аз қабили принсипҳо, вазифаҳо ва усулҳои идоракунӣ фаро мегирад. Дар интиҳои мақола хулосаю пешниҳодҳои муаллифон ҷиҳати такмили методологияи идоракунии рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ оварда шудаанд.
Калидвожаҳо: рақобатпазирӣ, методология, идоракунӣ, воридот, содирот, воридотивазкунанда, сифати маҳсулот, нарх, инноватсия, фоиданокӣ, бозор.

