Музаффарзода Бадриддин Сангалӣ
Аннотатсия:
Дар мақола ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии баҳогузории ҷолибияти сармоягузорӣ ва самаранокии лоиҳаҳо дар соҳаи саноати хӯроквории минтақа баррасӣ шудаанд. Зарурати истифодаи назари мукаммал, ки усулҳои молиявию иқтисодӣ, институтсионалӣ, инноватсионӣ ва интегралиро муттаҳид менамояд, асоснок карда шудааст. Ин гуна муносибат имконият медиҳад, ки хусусиятҳои соҳавӣ ва минтақавии муҳити сармоягузорӣ ба таври воқеӣ инъикос гарданд. Самтҳои асосии такмили дастгоҳи методӣ муайян карда шудаанд - гузариш аз нишондиҳандаҳои ҷудогонаи молиявӣ ба баҳогузории ҳамгиро, ки самаранокии иқтисодӣ, институтсионалӣ ва иҷтимоии сармоягузориро фаро мегирад. Дар таҳқиқ нишон дода шудааст, ки усулҳои классикӣ (NPV, IRR, PI, DPP, ARR, ROI, EVA) асоси таҳлили миқдориро ташкил медиҳанд, вале барои шароити иқтисоди минтақавӣ мутобиқсозӣ мехоҳанд. Муаллиф гурӯҳҳои асосии усулҳои баҳогузориро - молиявию иқтисодӣ, институтсионалӣ, интегралӣ, инноватсионию ҳамгиро ва пешгӯишавандаро ҷудо намуда, бартарӣ ва маҳдудиятҳои онҳоро тавзеҳ медиҳад. Методикаи муайян намудани индекси интегралии ҷолибияти сармоягузории саноати хӯрокворӣ пешниҳод гардидааст, ки бар принсипҳои нормализатсияи нишондиҳандаҳо, муайян намудани коэффитсиентҳои вазнӣ ва агрегатсияи меъёрҳои хусусӣ асос меёбад. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки татбиқи усулҳои интегралӣ ва ESG-баҳодиҳӣ таъсири мусбии сармоягузориро - афзоиши шуғл, даромад, воридоти буҷетӣ, навсозии технологӣ ва рушди устувор - тақвият мебахшад. Татбиқи натиҷаҳои таҳқиқ имконият медиҳад, ки дақиқии таҳлил ва асоснокии қарорҳои идоракунӣ баланд шавад ва тавсияҳои илмӣ-амалӣ барои ҷалби сармоя ба соҳаи саноати хӯроквории минтақа таҳия гардад.
Калидвожаҳо: ҷолибияти сармоягузорӣ, самаранокии лоиҳаҳо, саноати хӯрокворӣ, усулҳои методӣ, индексҳои интегралӣ, NPV, IRR, EVA, ESG-таҳлил, иқтисоди минтақавӣ..

