Ҷураев Беҳзод Машрафович
Аннотатсия:
Дар мақолаи мазкур мақсад аз фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчун танзимгари низоми бонкӣ ва амалигардонандаи сиёсати пулию қарзӣ мавриди тадқиқ қарор дода шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба мақсади асосии худ сиёсати пулию қарзиро таҳия ва дар амал татбиқ менамояд. Фишангҳои амалигардонии сиёсати пулию қарзӣ мавриди омузиш қарор гирифта, бартарии сиёсати ҳадафгирии таваррум қайд гардидааст. Ҳамзамон, таҳлили муқоисавии мақсадҳои бонкҳои марказии давлатҳои тараққикарда ва давлатҳои собиқ иттифоқи Шуравӣ анҷом додашудааст. Дар робита ба таҳлили анҷомдодашуда ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шудааст, ки бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи бонкҳои марказӣ мақсдҳои худро такмил дода ба шароити муосир мутобиқ гардонад. Ба Бонки миллӣ тавсия дода шудааст, кӣ мақсадҳоӣ худро фарохтар гардонида: (1) таъмини суботи молиявӣ , (2) фаъолгардонии бозори молиявӣ , (3) баҳодиҳӣ ва пешгирии хавфҳо дар низоми молиявӣ, (4) мусоидат намудан ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва рушди ҷомеа ҳамчун, мақсадҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.
Калидвожаҳо: бонки марказӣ, низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ, таваррум, ҳадафгирии таваррум, суботи молиявӣ, меъёри бозтамвил.

