Ниёззода Саиднуамони Саидхомид
Аннотатсия:
Дар мақола нақши Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар ҳифзи амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил мегардад. Мафҳуми амнияти иқтисодӣ ва асосҳои назариявии истифодаи захираҳои моддии давлатӣ ҳамчун василаи таъмини устувории иқтисодӣ баррасӣ шуда, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ин Агентӣ шарҳ дода мешаванд. Қонунгузории миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои моддии давлатӣ» ва қарорҳои Ҳукумат таҳлил гардида, таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои стратегӣ (бо мисолҳои Чин, Россия ва Қазоқистон ва дигар кишварҳо) муқоиса мегардад. Ҳамчунин, сохтор ва вазъи иқтисодии Агентӣ, нақши он дар ҳолатҳои буҳронӣ, механизмҳои молиявиву ҳуқуқии фаъолияти сохтор, инчунин мушкилоти ҷорӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтаанд. Дар асоси натиҷаи таҳлил тавсияҳо барои такмили фаъолияти Агентӣ ҷиҳати таъмини устувории бозори миллӣ ва амнияти иқтисодии кишвар пешниҳод мегарданд.
Калидвожаҳо: амнияти иқтисодӣ, захираҳои моддии давлатӣ, қонунгузорӣ, буҳрон, захираҳои стратегӣ, устувории иқтисодӣ, таҷрибаи байналмилалӣ.

