Исайнова Манижа Ҳисайновна
Аннотатсия:
Дар мақола самтҳои асосии норасоии маводди озуқаворӣ дар ҷаҳон, зиёд шудани гуруснагон дар ҷаҳон бо сабабҳои омилҳои сиёсӣ , экологӣ , иқтисодӣ , таъмини озуқавории мамлакат аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ , инчунин сатҳи воридот ва содироти маҳсулот, дараҷаи бо озуқаворӣ таъмин будани хонаводаҳо, ҳиссаи хароҷоти истеъмолии хонаводаҳо барои маҳсулоти хўрокворӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар баробари ин дар мақола як қатор пешниҳодҳо барои боз ҳам беҳтару хубтар шудани соҳаи кишоварзии мамлакат оварда шудааст.
Калидвожаҳо: озуқа, таъмини озуқаворӣ, муаммоҳои озуқаворӣ, воридот, содирот, хароҷот, истеҳсолот, истеъмолот, иқтисодиёт.

