Шарифова Рухсора Нуриддиновна
Аннотатсия:
Дар мақола масъалаи баҳисобгирии муомилоти тиҷоратӣ дар асоси стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ баррасӣ карда мешавад. Дар робита ба гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ба иттилооти баҳисобгирии муҳосибӣ талаботи баланд гузошта мешавад, зеро он ҳамчун манбаи асосии қабули қарорҳои идоракунӣ хизмат мекунад. Аз ин рӯ, дар баробари баҳисобгирии муҳосибӣ намудҳои дигари баҳисобгирии муомилоти хоҷагидорӣ, аз қабили молиявӣ, идоракунӣ, андоз, аудит, оморӣ, оперативӣ ва ғайра ҷорӣ карда шуданд, ки ин муҳосибонро вазифадор мекунад, ки сатҳи дониш ва салоҳияти касбии худро дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ баланд бардоранд.
Калидвожаҳо: баҳисобгирии молиявӣ, баҳисобгирии идоракунӣ, андозбандӣ ва аудит, стандартҳои байналмилалӣ, тахассуси баланд, салоҳият, маълумоти баҳисобгирӣ, қарорҳои идоракунӣ, таҳлили муомилоти тиҷоратӣ

