ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

Амонуллоев Икром Абдукаримович, Қодирзода Неъматҷон Ҳабиб

Аннотатсия: 

Дар ин мақола мо тадқиқоти умумиҷаҳонии баҳодиҳӣ ва муқоисаи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла рақобатпазирии иқтисодиро муфассал баррасӣ намуда, омӯхтем. Дараҷаи рақобатпазирии иқтисодиѐт бо вобастагии гуногунҷабҳаи як қатор омилҳо муайян карда мешавад, ки дар маҷмўъ қобилияти фаъолияти бомуваффақияти давлатро дар бозори ҷаҳонӣ муайян мекунанд. Барои таҳлил ва муқоиса, мо аз ҳисоботҳои созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои илмию-тадқиқотӣ истифода намудем. Ҳамчунин мақола, ба омӯзиши нишондиҳандаҳои тараққии иқтисодиѐти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди сатҳи ММД ва даромади миллӣ ба сари аҳолӣ, сатҳи шуғл ва бекорӣ, шароити бурдани соҳибкорӣ, рушди сармояи инсонӣ, рақобатпазирии ҷаҳонӣ, озодии иқтисодӣ ва ғайра нигаронида шудааст. Барои таҳлил ва муқоиса дар мақола методологияи Бонки ҷаҳонӣ, тадқиқотҳои Институти иқтисодии Швейтсария ва донишкадаи федералии технологии Швейтсария истифода шудааст. Дар асоси тахлили мукоисавӣ ва тадқиқоти гузаронидашуда нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се гуруҳ ҷудо карда шудаанд.

Калидвожаҳо: нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ҷаҳонишавӣ, рақобатпазирии иқтисодиѐт, таҳлили муқоисавӣ, баҳодиҳии муқоисавӣ, нишондиҳандаҳои рушди демографӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, фазои сармоягузорӣ, инфрасохтор, сатҳи шуғл, сатҳи бекорӣ, озодии иқтисодӣ, рақобатпазирии ҷаҳонӣ, маҷмӯи даромади миллӣ.