ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

ИНФОРМАТИКА, ТЕХНИКАИ ҲИСОББАРОР ВА ИДОРАКУНӢ

Сайдуллоев Инъомҷон Иноятович

Аннотатсия: 

Дар ин мақола масъалаи истифодаи усулҳои амсиласозии пешгӯишаванда дар модули «Green Logistics» баррасӣ мешавад, ки ҳамчун як ҷузъи системаи логистикии ширкати ҶДММ «Мавсим ва К» барои баланд бардоштани устувории экологӣ таҳия шудааст. Муаллиф самаранокии регрессияи логистикиро дар ҳалли вазифаҳои таснифи дуӣ арзѐбӣ мекунад, ки ба оптимизатсияи роҳҳо, пешгӯии партовҳои зараровар ва муайянсозии дараҷаи экологӣ будани амалиѐтҳои нақлиѐтӣ вобаста мебошанд. Қиѐси регрессияи логистикӣ бо регрессияи хатию классикӣ, ridge ва LASSO нишон медиҳад, ки фарқиятҳо дар функсияи арзиш, тахминҳои модел ва маҳдудиятҳои амалӣ метавонанд ба натиҷаҳои пешгӯӣ таъсири ҷиддӣ расонанд. Барои беҳтар намудани дақиқӣ, мақола истифодаи амсилаи гибридиро пешниҳод мекунад, ки регрессияи логистикиро бо шабакаҳои нейронӣ муттаҳид менамояд. Дар ин равиш, коэффисиентҳои регрессия ҳамчун вазнҳои ибтидоӣ истифода мешаванд ва шабакаи нейронӣ муносибатҳои ғайрихаттиро беҳтар меомӯзад. Натиҷаҳои таҷрибавӣ нишон медиҳанд, ки амсилаи гибридӣ дақиқии пешгӯиро то 8– 10% беҳтар мекунад, махсусан дар муайянсозии роҳҳои дорои партовҳои паст. Истифодаи метрикаҳои арзѐбӣ — accuracy, precision, recall, F1-score — самаранокии ин усулро тасдиқ мекунад. Равиши пешниҳодшуда имконият медиҳад, ки раванди логистикӣ устувортар, нақлиѐт экологитар ва банақшагирии масирҳо самараноктар гардад.

Калидвожаҳо: логистикаи сабз, амсиласозии пешгӯишаванда, регрессияи логистикӣ, регрессияи ridge, LASSO, шабакаҳои нейронӣ, амсилаҳои гибридӣ, оптимизатсияи роҳҳо, коҳиши партовҳои зараровар, амалиѐтҳои устувори нақлиѐтӣ.