Саидов Беҳруз Бадридинович, Исфандиѐри Саъдулло, Ҳусейнзода Насимҷон Бурихон
Аннотатсия:
Дар ин тадқиқот моделсозӣ ва таҳлили шабакаҳои нейронӣ (ШН) бо мақсади пешгӯии параметрҳои сигналҳои радиоӣ бо зичии гуногуни спектралӣ анҷом дода шуд. Аз меъмориҳои ADALINE, шабакаи хаттии фокусонӣ (FLN) ва шабакаи авторегрессии ғайрихаттӣ (NARX), ки дар муҳити MATLAB Neural Network Toolbox татбиқ шудаанд, истифода гардид. Таҳлили сифатии пешгӯии якқадамӣ ва бисѐрқадамӣ бо истифода аз функсионалҳои хатогӣ (тамоюли миѐнаи мутлақ, хатогии миѐнаи квадратӣ, СПО) гузаронида шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи натиҷаҳо дар системаҳои зеҳнии иртиботии насли панҷум (5G) равона шудааст, ки дар онҳо пешгӯии хусусиятҳои сигнали радиоӣ имкон медиҳад, ки тақсимоти мутобиқшавандаи захираҳо самараноктар шавад, таъхири интиқол кам гардад ва параметрҳои модулятсия оптималӣ гарданд. Натиҷаҳои моделсозӣ нишон доданд, ки дақиқӣ ва устувории пешгӯии нейрошабака аз сохтори спектрӣ ва параметрҳои омӯзиш вобаста аст. Меъмории FLN беҳтарин мувозинат байни суръати омӯзиш ва дақиқии пешгӯиро нишон дод, дар ҳоле ки модели ADALINE устувории баландро дар шароити диапазони маҳдуди басомад нишон дод. Натиҷаҳои бадастомада метавонанд барои пешгӯии параметрҳои каналҳои радиоӣ дар системаҳои зеҳнии иртиботии 5G истифода шаванд, ки дар онҳо алгоритмҳои нейрошабакавӣ метавонанд самаранокии тақсимоти мутобиқшавандаи захираҳо ва устувории каналҳоро дар шароити тағйирѐбии муҳити интиқол баланд бардоранд.
Калидвожаҳо: шабакаҳои нейронӣ, пешгӯии сигналҳо, ADALINE, 5G, радиоканал.

