Саидов Беҳруз Бадридинович, Исфандиѐри Саъдулло, Ҳусейнзода Насимҷон Бурихон
Аннотатсия:
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои бесим, хусусан системаҳои насли панҷум (5G), талабот ба системаҳои антенна аз рӯи параметрҳои самтнокӣ, коэффитсиенти баландкунӣ ва устувории шуоъдиҳӣ афзоиш меѐбад. Истифодаи консентраторҳои мултидиэлектрикӣ дар таркиби антеннаҳо барои шабакаҳои 5G имконият медиҳад, ки диаграммаҳои шуоъдиҳии самтноки баланд ташаккул ѐбанд, талафоти қувва кам гардад ва пайвасти боэътимод ҳангоми интиқоли маълумот дар басомадҳои миллиметрӣ таъмин карда шавад. Дар мақола тадқиқоти назариявӣ ва таҷрибавии параметрҳои канали радиоии шабакаҳои мобилии насли панҷум (5G) гузаронида шудааст. Равандҳои физикӣ ва стохастикӣ баррасӣ шудаанд, ки сифати интиқоли маълумотро муайян мекунанд, аз ҷумла затухание, дифраксия, инъикос ва парокандашавии мавҷҳои электромагнитӣ. Модели математикӣ таҳия шудааст, ки таъсири масофа то истгоҳи асосӣ, коэффитсиенти затухание ва сатҳи садоҳоро ба қувваи сигнали қабулшаванда, нишондиҳандаи сигнал/садо (SNR), гузарониш ва эҳтимолияти хатои битӣ (BER) ба назар мегирад. Дар асоси моделсозӣ вобастагиҳои асосии хосиятҳои канал аз масофа дар диапазони 10–200 метр ба даст оварда шудаанд. Муайян карда шуд, ки бо зиѐд шудани масофа паҳнои гузарониш ба таври экспоненсиалӣ коҳиш меѐбад ва эҳтимолияти хатогиҳо зиѐд мегардад. Минтақаи ҳадди боэътимоди интиқоли маълумот муайян карда шуд (то 100 метр), ки дар он SNR аз 10 дБ зиѐд аст. Натиҷаҳои бадастомада метавонанд ҳангоми лоиҳакашӣ, оптимизатсия ва татбиқи системаҳои алоқаи 5G ва 6G, инчунин дар арзѐбии устувории каналҳои радиоӣ дар шароити паҳншавии бисѐрсамтӣ ва мавҷудияти садоҳои электромагнитӣ истифода шаванд.
Калидвожаҳо: 5G, канали радио, коҳиш, қобилияти гузарониш, таносуби сигнал ба садо, эҳтимолияти хатоӣ, моделсозӣ.

