Собирзода Файзали Давлатназар, Тагоев Сафовидин Асоевич
Аннотатсия:
Дар кори мазкур натиҷаҳои муайян намудани зичӣ ва таҳлили рентгенофазавии ду намунаи оҳаксанги кони ноҳияи Нурободи ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд. Қиматҳои таҷрибавии зичии миѐнаи намунаҳо бо усули баркашиии гидростатикӣ пешниҳод карда шудаанд. Нишон дода шудааст, ки намунаҳои тадқиқшаванда маъданҳое мебошанд, ки аз калтсит ва доломит бо омехтаи кварц иборат мебошанд. Натиҷаҳои таҳлили рентгенофазии намунаҳо нишон медиҳанд, ки ин кон метавонад барои истеҳсоли калтситҳо ва доломитҳо барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти саноати кимиѐ истифода шавад.
Калидвожаҳо: оҳаксанг, калтсит, доломит, зичӣ, таҳлили рентгенофазавӣ.

