ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия

Сафарзода Сангин Ниѐз, Аюбов Дониш Қосимович, Амиралиев Сулаймон Каримхонович

Аннотатсия: 

Мушоҳидаҳои кометаи C/2017 K2 (Pan-STARRS), ки соли 2021 бо истифода аз телескопи АЗТ-8 (РАҲ) анҷом дода шуданд, афзоиши ду рахшонӣ ва васеъшавии комаро ҳангоми наздикшавии он ба Офтоб нишон медиҳанд. Бо истифода аз усули динамикӣ , радиус, ҳаҷм ва массаи чанг дар кома ҳисоб карда шуд. Маълумоти бадастомада, аз ҷумла суръати сублимиатсияи H₂O ва CO₂, нишон медиҳанд, ки дар масофаҳои бештар аз 5 а.е. механизми асосии фаъолнокӣ сублиматсияи пайвастагиҳои зудбуғшаванда, бахусус гузариши марҳилаи яхи аморфӣ ба яхи оддӣ ба ҳисоб меравад.

Калидвожаҳо: кометаи C/2017 K2 (Pan-STARRS), кометаҳо, фотометрия, кома, сублиматсия.