С.Б. Зарипов
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
Аннотатсия: Дар кори мазкур басъалаи канорӣ барои муодилаи ғайри моделии дученакаи симметрии интегралии намуди Волтерра бо хатҳои суперсингулярӣ, омӯхта шудааст, ки нисбат ба тағйирѐбандаи Х симметрӣ мебошад. Дар асоси тасвирҳои ҳосилшудаи муодилаи ғайримоделии интегралӣ ҳангоме, ки ҳалли умумии муодила функсияи ихтиѐриро дар бар мегирад, барои ѐфтани доимии ихтиѐрӣ масъалаи типи Кошӣ гузошташуда, тадқиқ карда шудааст. Инчунин наздикшавии тасвири интегралӣ бо ѐрии шартҳои асимпитотикӣ талаб карда шудааст. Вобаста ба натиҷаҳои ҳосилшуда, теоремаҳо баѐн шудаанд.
Калидвожаҳо: муодилаи ғайри моделӣ , муодилаи симметрӣ , хатҳои суперсингулярӣ, муодилаи интегралии дученака, формулаи асимпитотикӣ, доимиҳои ихтиѐрӣ.

