Асосӣ
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – тибқи Низомнома ва Оиннома, маҷаллаи илмии «Паёми политехникӣ» фаъолият менамояд.
Маҷаллаи илмии «Паёми политехникӣ» аз се бахш иборат мебошад:
- «Таҳқиқотҳои муҳандисӣ» ISSN 2520-2227;
- «Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия» ISSN 2520-2235;
- «Техника ва ҷомеа».
Бахшҳои “Таҳқиқоти муҳандисӣ” ва “Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия” -и маҷалла ба рӯйхати нашрияҳои тақризии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КОА-и назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Узбекистон ва равияи металлургияву физикаи он ба рӯйхати нашрияҳои тақризии КОА-и Федератсияи Россия ворид карда шудааст. Бахши “Техника ва Ҷомеа” бошад айни замон ба рӯйхати маҷаллаҳои илмӣ тақризшавандаи тавсиянамудаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид нашудааст вале соли 2024 бо мақсади ворид намудани ин бахши маҷаллаи илмӣ ба системаи Russian Science Citation Index бо китобхони илмии электронии eLIBRARY.RU шартнома ба имзо расонида шудааст.
Равияҳои илмии маҷалаи “Паёми политехникӣ” бахши “Таҳқиқоти муҳандисӣ”:
- 05.14.00 – Энергетика;
- 05.16.00 – Металлургия ва маводшиносӣ;
- 05.17.00 – Технологияи кимиёвӣ;
- 05.22.00 – Нақлиёт;
- 05.23.00 – Сохтмон ва меъморӣ.
Равияҳои илмии маҷалаи “Паёми политехникӣ” бахши “Интеллект. Инноватсия. Инвеститсия”:
- 01.01.00 – Математика;
- 01.04.00 – Физика;
- 05.13.00 – Информатика, техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ;
- 08.00.05 – Иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ (аз рӯи соҳаҳо ва соҳаҳои фаъолият).
Равияҳои илмии маҷалаи “Паёми политехникӣ” бахши “Техника ва ҷомеа”:
- 05.02.08 – Мошинсозӣ;
- 03.02.08 – Экология;
- 05.26.01 – Бехатарии фаъолияти инсон;
- 09.00.08 – Фалсафаи илм ва техника;
- 09.00.03 – Таърихи илм ва техника.
Мақолаҳо бо се забон қабул карда мешаванд:
- Тоҷикӣ;
- Русӣ;
- Англисӣ.
Маҷалла дар давоми сол 4 маротиба нашр карда мешавад.
ТАЛАБОТ ВА ШАРТҲОИ ПЕШНИҲОДИ МАҚОЛАҲО БА МАҶАЛЛАИ "ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ"
- Дар Маҷалла мақолаҳои дорои хусусияти илмӣ, амалӣ ва ҳалталаб нашр карда мешаванд, ки натиҷаи таҳқиқоти анҷомшуда буда, навоварии илмӣ доранд ва барои доираи васеи хонандагони маҷалла қобили таваҷҷӯҳ мебошанд.
- Мақола (ба истиснои тафсирҳо) бояд натиҷаҳои нави илмиро дар бар гирад.
- Мақола бояд ба мавзӯъ ва сатҳи илмии маҷалла мувофиқат кунад.
- Мақола бояд бо риояи пурраи талаботҳо таҳия карда шавад.
- Мақола ба воситаи почтаи электронӣ ё бевосита дар шакли электронӣ ва нусхаи чопӣ ба шуъбаи дахлдор пешниҳод карда мешавад.
- Матни мақола бояд дар шакли IMRAD бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ё русӣ пешниҳод карда шавад.
Ба мақола замима карда мешавад:
- Мактуб (барои кормандони беруна)
- Аризаи муаллифӣ
- Шартномаи литсензионӣ
- Хулосаи экспертӣ дар бораи имконияти дар матбуоти кушод чоп кардани мақола
- Тақризи берунӣ (тибқи талабот)
- Хулосаи антиплагиат